Апісанне на мове арыгіналаRU • Арыгінал
Пайвандҳои дастрасӣ
Ҷаҳиш ба мояи аслӣ
Ҷаҳиш ба феҳристи аслӣ
Ҷаҳиш ба ҷустор
Тор нусхагирӣ шуд
ГӮШАҲО
СИЁСАТ
ИҚТИСОД
ҶОМЕА
ҚАЗИЯИ "КРОКУС"
ОСИЁИ МАРКАЗӢ
ФАРҲАНГ
МЕҲМОНИ ОЗОДӢ
ВАРЗИШ
ГАПИ ОЗОД
РӮЗГОРИ МУҲОҶИР
САЛОМ, ХОҲАР
ТАҲҚИҚОТ
ҶАНГ ДАР УКРАИНА
НАЗАРИ МАРДУМ
БЛОГИСТОН
ОЗОДӢ ОНЛАЙН
ЧАНДРАСОНАӢ
ВИДЕО
НИГОРИСТОН
ГУЗОРИШҲОИ РАДИОӢ
РӮЙХАТҲО
КИТОБҲОИ ОЗОДӢ
Русский
ПАЙГИРӢ КУНЕД
Ҳамаи сомонаҳои RFE/RL
РУС
TV
Ҷустуҷӯ
СИЁСАТ
"Гуфт, дастонамро бастанд ва ба фурудгоҳ бурданд"
Мирзонабии Холиқзод
Июн 23, 2026
Ба дигарон фиристед
Асадулло Бобоев, паноҳҷӯйи тоҷик дар Олмон
Пайвандони намояндаи мухолифини тоҷик Асадулло Бобоев гуфтанд, ки сарфи назар аз нигарониҳо аз эҳтимоли шиканҷа ва зиндонӣ шудан, мақомоти Олмон ӯ ва писарашро ба Тоҷикистон ихроҷ кардаанд. Вай пештар гуфта буд, ки узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, як созмони мухолифи ҳукумат аст ва дар Тоҷикистон ӯро ба тундгароӣ гумонзад медонанд.
Мастона Файзуллоева, ҳамсари Асадулло Бобоев, рӯзи 23-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот дар Душанбе шавҳари 54-солаашро ба боздоштгоҳ бурда, писари нуздаҳсолааш Муҳаммадро ба дасти модарбузургаш супурдаанд.
"Ман сахт дар ташвишам, ки аҳволи писару шавҳарам чӣ мешуда бошад," - гуфт ҳамсари Асадулло Бобоев, ки бо як фарзанди дигараш дар Олмон мондааст.
Шарҳи мақомоти Олмон ва Тоҷикистон дастрас нест.
Ба гуфтаи Мастона Файзуллоева, ки ҳоло бо як фарзандаш дар Олмон мондааст, шавҳараш рӯзи 20-уми июн телефонӣ хабар дода буд, ки ӯро ба тарафи шаҳри Мюнхен бурдаанд ва бо ҳавопаймо ба Тоҷикистон мефиристанд. "Гуфт, ки дастонамро бастаанд. Аз ин зиёд чизе ба забон наовард," -- афзуд ҳамсари Асадулло Бобоев.
Шарофиддин Гадоев, раиси Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки мақомоти Олмон Асадулло Бобоевро аллакай ба Тоҷикистон бозпас фиристодаанд.
Талоши мо барои гирифтани шарҳи расмӣ аз мақомоти Тоҷикистон бенатиҷа буд. Радиои Озодӣ маълум кард, ки рӯзи 20-уми июн ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" аз шаҳри Мюнхен ба Душанбе парвоз кардааст.
Асадулло Бобоев рӯзи 8-уми июн ҳамроҳи писараш, Муҳаммад Бобоев, дар шаҳри Крайс Клеве дастгир шуд. Мақомоти Олмон ба Бобоев ва писараш фурсат дода буданд, ки барои ҳимоят аз худ ва боқӣ мондан дар Аврупо далелҳои кофӣ пешниҳод кунанд.
Асадулло Бобоев қабл аз ихроҷ ба Тоҷикистон гуфт, Хадамоти муҳоҷирати Олмон ӯро барои мушкил дар санади иқомат ва ба поён расидани муҳлати зист боздошт карданд. Вале худаш гуфта буд, ба Тоҷикистон фиристодани ӯ ва аъзои хонаводааш кори дурусте нест, чун эҳтимол мавриди шиканҷа ва азият қарор гиранд.
Шарофиддин Гадоев
Шарофиддин Гадоев, раиси Ҷунбиши ислоҳот ва рушд мегӯяд, "мо даҳҳо саҳифа факту далелҳоро ба воситаи вакили мудофеъ ба Додгоҳи Олмон пешниҳод кардем, ки ӯро дар Тоҷикистон азияту шиканҷа мекунанд ва муҷозоташ хоҳанд кард. Вале бубинед аслан ин кишвари демократӣ аҳамият надод ва билети ҳавопаймояш барои 1-уми июл буд, боз барои муаррифии ӯ фурсат буд, вале бехабар аз пайвандонаш ҳам Асадулло ва ҳам писарашро фиристоданд".
Асадулло Бобоев 9-уми июн дар як паёми телефонӣ аз боздоштгоҳи Хадамоти муҳоҷирати Олмон гуфт, узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, як созмони мухолифи ҳукумат аст ва дар Душанбе нисбат ба ӯ бо гумони тундгароӣ парванда боз кардаанд.
Ин бори аввал нест, ки кишварҳои аврупоӣ чанде аз паноҳҷӯёни тоҷикро ихроҷ карданд ва сипас онҳо дар Тоҷикистон боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум гаштанд.
Ихроҷи паноҳҷӯён
Зиёда аз даҳ сол боз гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели мухолифат бо режими ҳоким ва ё таъқибу азияти афзун дар кишвар, дар Аврупо паноҳанда шудаанд. Кишварҳои аврупоӣ чанде аз онҳоро бо далелҳои гуногун ихроҷ кардаанд, ки сипас дар Тоҷикистон боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум гаштанд:
Фаррух Икромов моҳи апрели соли 2024 аз Лаҳистон (Полша) ронда ва дар Тоҷикистон ба 23 сол зиндон маҳкум шуд.
Ҳизбулло Шовализода, як узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро соли 2020 аз Австрия ба Тоҷикистон бозпас фиристоданд. Ӯро ба 20 сол зиндон маҳкум карданд.
Мақомоти Олмон дар моҳи январи соли 2023 Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба Душанбе фиристоданд. Ба гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар, ӯ ба ҳафт сол зиндон маҳкум шудааст.
Билол Қурбоналиев, паноҳҷӯйи тоҷик аввали соли 2024 баъди ихроҷ аз Олмон ба Тоҷикистон, ба 10 сол зиндон маҳкум шуд. Вай яке аз ширкатдорони тазоҳуроти мухолифон дар Берлин ҳангоми сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон буд.
Дилмурод Эргашев, ки 13 соли охир дар шаҳри Клеваи Олмон мезист, моҳи ноябри соли 2024 ба Тоҷикистон фиристода шуд ва Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ӯро бо иттиҳоми "даъвати оммавӣ барои фаъолияти ифротгароӣ" ба ҳашт соли зиндон маҳкум кард.
Фарҳод Неъматов, паноҳҷӯи тоҷик, ки аз Шветсия ихроҷ шуд, дар Тоҷикистон моҳи июли соли 2025 бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнуъи "Ҳизби таҳрир" ба 8 сол зиндон маҳкум шуд.
Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) ва созмонҳои дигари байнулмилалӣ борҳо Олмон ва кишварҳои дигари аврупоиро барои ихроҷи паноҳҷӯён ба Тоҷикистон танқид кардаанд. Ба ҷое, ки ба гуфтаи онҳо “хатари шиканҷа ва солҳои дарози зиндон таҳдид мекунад”.
Ба дигарон фиристед
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Чоп
Мирзонабии Холиқзод
Гӯшаҳо
Тоҷикистон
Сиёсат
Матолиби навтарин
Вобаста
"Шарт"-и Олмон ба як паноҳҷӯйи боздоштшудаи тоҷик
Сафир: Беш аз 30 ҳазор тоҷикистонӣ дар Олмон ҳастанд
Паноҳҷӯёни тоҷик аз Олмон хостаанд, ки онҳоро ихроҷ накунад
5600 тоҷик дар Олмон. Реадмиссия киҳоро ҳадаф қарор медиҳад?
Тоҷикистон Парвиз Зоирови рондашуда аз Фаронсаро 13 сол дод
"Ягон машваратро иҷро накард." Гузориши HRW ба СММ дар бораи Тоҷикистон
Талаби вакили дифоъ: "Дилмурод ба Олмон баргардонда шавад".
ПАЙГИРӢ КУНЕД
МАЪЛУМОТ
Дар бораи Озодӣ
Сомонаи Радиои Озодӣ бастааст?
Чӣ гуна шарҳ нависем?
Тамос бо мо
ЗАМИМАҲО
Замимаи Озодӣ дар Андроидҳо
Замимаи Озодӣ дар iOS
Дар Смарт ТВ
Радиои Аврупои Озод / Радиои Озодӣ © 2026 RFE/RL. Inc. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
SM