Апісанне справы
Былы кіраўнік Міжнароднага аэропорта Душанбэ Ісматула Абдуллозода праходзіць судовы працэс па справе аб крадзях больш за 1,2 мільярда сомані. Гэтая справа выклікала грамадскія дыскусіі адносна магчымых палітычных матываў, улічваючы род باستрэчных сувязяў яго сям'і з прэзідэнтам.
Апісанне на мове арыгіналаRU • Арыгінал
Пайвандҳои дастрасӣ
Ҷаҳиш ба мояи аслӣ
Ҷаҳиш ба феҳристи аслӣ
Ҷаҳиш ба ҷустор
Тор нусхагирӣ шуд
ГӮШАҲО
СИЁСАТ
ИҚТИСОД
ҶОМЕА
ҚАЗИЯИ "КРОКУС"
ОСИЁИ МАРКАЗӢ
ФАРҲАНГ
МЕҲМОНИ ОЗОДӢ
ВАРЗИШ
ГАПИ ОЗОД
РӮЗГОРИ МУҲОҶИР
САЛОМ, ХОҲАР
ТАҲҚИҚОТ
ҶАНГ ДАР УКРАИНА
НАЗАРИ МАРДУМ
БЛОГИСТОН
ОЗОДӢ ОНЛАЙН
ЧАНДРАСОНАӢ
ВИДЕО
НИГОРИСТОН
ГУЗОРИШҲОИ РАДИОӢ
РӮЙХАТҲО
КИТОБҲОИ ОЗОДӢ
Русский
ПАЙГИРӢ КУНЕД
Ҳамаи сомонаҳои RFE/RL
РУС
TV
Ҷустуҷӯ
ИҚТИСОД
Ҷузъиёти ҳукми 5 мансабдори пешини Фурудгоҳ. Кӣ чӣ ҷазо гирифт?
Радиои Озодӣ
Июн 10, 2026
Ба дигарон фиристед
Баррасии парвандаи Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи Душанбе, дар Додгоҳи олӣ ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст
Радиои Озодӣ ҷузъиёти ҳукми панҷ мансабдори пешини Фурудгоҳи байнулмилалии Душанберо ба даст овард. Онҳо, ки якҷо бо раиси пешини фурудгоҳ Исматулло Абдулллозода ба тасарруфи 1 миллиарду 245 миллион сомонӣ, муодили беш аз сад миллион доллар, гумонзад буданд, бо пардохти ҷарима озод шудаанд. Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, баррасии парвандаи Исматулло Абдуллозода дар Додгоҳи олӣ ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст.
Кӣ чӣ қадар ҷарима шуд?
Ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанбе нисбат ба Аслиддин Маликзода, Муҳриддин Давлатов, Парвиз Исматуллоев, Тағоймурод Ҷӯраев ва Муқим Холов 30-юми январи имсол содир шуда, додгоҳ 9-уми июн баъзе ҷузъиёти онро ба Радиои Озодӣ фиристод.
Ҳамаи инҳо ба азхудкунӣ, исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон, сохтакорӣ ва ба каси дигар додани ҳуҷҷат ва мукофоти давлатӣ гунаҳкор шуда, чунин ҷарима супурдаанд:
Аслиддин Маликзода, муовини пешини раис фурудгоҳ – 138 ҳазору 750 сомонӣ
Муҳриддин Давлатов, раҳбари пешини таъминоти фурудгоҳ – 165 ҳазор сомонӣ
Тағоймурод Ҷӯразода, сармуҳосиби собиқи фурудгоҳ – 157 ҳазору 500 сомонӣ
Парвиз Исматуллоев, ки мансабаш дар фурудгоҳ барои мо маълум нест, 187 ҳазору 500 сомонӣ
Муқим Холов, ки мақомаш дар фурудгоҳ маълум нест, 150 ҳазор сомонӣ.
Ба ҷуз Аслиддин Маликзода, додгоҳ чор нафари дигарро аз гирифтани ҳама гуна мансаб ба муддати се сол маҳрум кардааст.
Дар посухи Додгоҳи шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ омадааст, “аз ҷониби маҳкумшудаҳо зарари ба давлат расонидашуда пурра барқарор карда шуд”. Пештар намояндагони Оҷонси зиддифасод ҳам гуфта буданд, Аслиддин Меликзода, Муҳриддин Давлатов ва Тағоймурод Ҷӯразода зарари расондаро пурра пардохт карданд.
Ба гуфтаи мақомот, Исматулло Абдуллозода 94,3 миллион сомонӣ зарарро ҷуброн карда, бояд боз бештар аз 922 миллион сомонии дигарро баргардонад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Қонун ё наздикӣ бо президент. Раҳоии Исматулло Абдуллозода чӣ маъно дорад?
Рӯзи 9-уми июн дар Додгоҳи шаҳри Душанбе гуфтанд, панҷ мансабдори пешини Фурудгоҳи Душанбе ба ҳукми додгоҳ эътироз накарданд. Радиои Озодӣ мустақилона ин маълумотро тасдиқ карда наметавонад.
Панҷ мансабдори пешини Фурудгоҳи Душанбе ҳамроҳ бо роҳбари ин муассиса Исматулло Абдуллозода дар моҳи майи соли 2025 боздошт, вале чор моҳ баъд бо шарти берун нарафтан аз ҷойи зист раҳо шуданд.
Парвандаи Исматуллозода ҷудо баррасӣ мешавад
Тибқи иттилои расмӣ, баррасии парвандаи Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи Душанбе дар Додгоҳи олии Тоҷикистон қариб тамом шудааст. Радиои Озодӣ 18-уми май ба Додгоҳи олӣ дархости расмӣ фиристод, то ба ширкати хабарнигорони радио дар мурофиаи Исматулло Абдуллозода иҷозат диҳанд. Додгоҳи олӣ танҳо 9-уми июн дар посух навишт, мурофиаи Абдуллозода 29-уми апрел оғоз гардида, то 20-уми май идома кард.
“Айни замон тафтишоти судӣ ба анҷом расидаст. Баъд аз шунидани музокираҳо санади судӣ қабул карда мешавад,” – омадааст дар посухи Додгоҳи олӣ.
Парвандаи Исматулло Абдуллозода ва чанде аз зердастони собиқаш баҳсҳоеро дар ҷомеаи Тоҷикистон, аз ҷумла миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Бархе инро як намунаи густардагии фасод дар Тоҷикистон гуфтанд ва бархи дигар аз эҳтимоли беҷазо мондани Абдуллозода бар пояи равобиташ бо оилаи аввали кишвар изҳори нигаронӣ карданд.
Исматулло Абдулллозода, ки яке аз наздикони Ҳасан Асадуллозода, бародарарӯси президенти Тоҷикистон ном бурда мешавад, 9 сол раиси Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе буд.
Наворро дар инҷо бинед:
EMBED
БА ДИГАРОН ФИРИСТЕД
Ҷузъиёти ҳукми 5 мансабдор. Кӣ чӣ ҷазо гирифт?
Аз ҷониби Радиои Озодӣ
EMBED
БА ДИГАРОН ФИРИСТЕД
Нусхабардорӣ шуд
бар px баландӣ px
URL нусхабардорӣ шуд
Auto240p360p480p720p1080p
Феълан кор намекунад
0:00
2:36
0:00
Auto
240p
360p
480p
720p
1080p
Линки мустақим
Ба дигарон фиристед
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Чоп
Радиои Озодӣ
Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.
Гӯшаҳо
Тоҷикистон
Иқтисод
Ҷомeа
Матолиби навтарин
Вобаста
Оғози мурофиаи Исматулло Абдуллозода паси дарҳои баста
Фаррух Мақсудзода бо пардохти 300 ҳазор сомонӣ озод шудааст
922 млн. сомонии дигар. Сабаби раҳоии Исматулло Абдуллозодаро гуфтанд
Мақомот раҳоии "тасарруфгарон-"и пули фурудгоҳи Душанберо шарҳ доданд
Қонун ё наздикӣ бо президент. Раҳоии Исматулло Абдуллозода чӣ маъно дорад?
"Наход ин қадар сол ягон кас кори инҳоро надид?"
Беш аз 1 млрд сомонӣ. Ҷузъиёти айбномаи Исматулло Абдуллозода ва шариконаш
ПАЙГИРӢ КУНЕД
МАЪЛУМОТ
Дар бораи Озодӣ
Сомонаи Радиои Озодӣ бастааст?
Чӣ гуна шарҳ нависем?
Тамос бо мо
ЗАМИМАҲО
Замимаи Озодӣ дар Андроидҳо
Замимаи Озодӣ дар iOS
Дар Смарт ТВ
Радиои Аврупои Озод / Радиои Озодӣ © 2026 RFE/RL. Inc. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
SM