Апісанне справы
Шэсць супрацоўнікаў поліцыі ў Душанбэ паўстануць перад судом у сувязі са смерцю Максуджона Саідаў, які быў затрыманы ў студані па абвінавачанні ў захоўванні наркотыкаў. Яго сям'я і сябры паведамілі пра прыкметы фізічнага гвалту, у тым ліку сінякі і ажэркі, што ўказвае на пыткі падчас утрымання пад стражай.
Апісанне на мове арыгіналаRU • Арыгінал
Пайвандҳои дастрасӣ
Ҷаҳиш ба мояи аслӣ
Ҷаҳиш ба феҳристи аслӣ
Ҷаҳиш ба ҷустор
Тор нусхагирӣ шуд
ГӮШАҲО
СИЁСАТ
ИҚТИСОД
ҶОМЕА
ҚАЗИЯИ "КРОКУС"
ОСИЁИ МАРКАЗӢ
ФАРҲАНГ
МЕҲМОНИ ОЗОДӢ
ВАРЗИШ
ГАПИ ОЗОД
РӮЗГОРИ МУҲОҶИР
САЛОМ, ХОҲАР
ТАҲҚИҚОТ
ҶАНГ ДАР УКРАИНА
НАЗАРИ МАРДУМ
БЛОГИСТОН
ОЗОДӢ ОНЛАЙН
ЧАНДРАСОНАӢ
ВИДЕО
НИГОРИСТОН
ГУЗОРИШҲОИ РАДИОӢ
РӮЙХАТҲО
КИТОБҲОИ ОЗОДӢ
Русский
ПАЙГИРӢ КУНЕД
Ҳамаи сомонаҳои RFE/RL
РУС
TV
Ҷустуҷӯ
ҶОМEА
Шаш милиса дар марги Мақсудҷон Саидов гумонзад шудаанд
Мирзонабии Холиқзод
май 18, 2026
Ба дигарон фиристед
Шарҳҳоро бинед
Чоп
Акс аз бойгонист.
Додситонии ноҳияи Сино парвандаи шаш корманди милисаи шаҳри Душанберо ба додгоҳ фиристодааст, ки ба гуфтаи муфаттишон, сабабгори марги як муттаҳам ба ҷиноят шудаанд.
Як манбаи огоҳ аз парванда рӯзи 18-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамаи шаш нафар ба “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” ва «баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ» муттаҳам мешаванд. Таҳқиқи парванда тақрибан чаҳор моҳ идома дошт ва эҳтимол меравад аст, айбдоршавандагон рӯзҳои наздик дар яке аз додгоҳҳои Душанбе дар курсии гунаҳкорон бинишанд.
Парванда бар пояи ҳодисае боз шуда буд, ки моҳи январи имсол сурат гирифтааст. Мақсудҷон Саидов, сокини 36-солаи шаҳри Кӯлобро рӯзи 8-уми январ кормандони Шӯъбаи дуввуми корҳои дохилии ноҳияи Синои Душанбе дар Кӯлоб боздошт карда, ба пойтахт овардаанд. Ӯ ба фӯруш ва паҳн кардани "кристал" як навъи маводи мухаддир муттаҳам мешуд, ки истифодаи он дар байни ҷавонон авҷ гирифтааст. Вале баъди муддати кӯтоҳе ҷасади Мақсудҷонро ба аҳли хонаводааш дода ва хостаанд, ки зуд ӯро ба хок супоранд. Маросими дафн ҳам рӯзи 12-уми январ сурат гирифтааст.
Хешовандони ин ҷавон он замон нахостанд дар бораи ҳодиса бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кунанд, вале чанде аз дӯстонаш, дар сӯҳбати телефонӣ гуфтанд, ки дар бадани Мақсудҷон сиёҳиву кабудӣ ва дар ангуштони дастону пойҳояш осори сӯхтагӣ аён буд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
СММ аз гузоришҳо дар бораи шиканҷа дар Тоҷикистон нигарон аст
Бо вуҷуди ин ба гуфтаи манобеи огоҳ аз парванда, ҳеч яке аз кадоме аз маъмурони милиса ба шиканҷа муттаҳам нашудаанд. Дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино ба зангҳои Радиои Озодӣ посух надоданд ва додситонии Тоҷикистон ҳам умдатан то замони эълони ҳукм аз ҷараёни тафтиш, ё худи парванда ба хабарнигорон иттилоъ намедиҳад ва агар ин корро карда бошад, ҳам аҳёнан кардааст.
Яке дигар аз иттиҳомот ин будааст, ки маъмурони милисаи Душанбе, бар хилофи муқаррарот, кормандони бе огоҳии ҳамкорони худ дар Кӯлоб дар ин шаҳр амалиёт анҷом додаанд, ки “як навъ худсарӣ” ба ҳисоб меравад.
Истифода аз шиканҷа барои ҳосил кардани эътирофи “гуноҳ” дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти ҷиддӣ дар мақомоти интизомӣ дониста мешавад. Ба додгоҳ фиристодани парвандаи шаш маъмури милиса дар Душанбе дар ҳолест, ки аввали моҳи май Кумитаи маҳви шиканҷаи Созмони Милал аз “гузоришҳои пайваста дар бораи бадрафторӣ ва шиканҷа, бахусус аз тарафи афсарони милиса ва афсарони идораҳои амниятӣ дар боздоштгоҳ ва зимни бозпурсиҳо” изҳори нигаронӣ кард.
Кумитаи Созмони Милал барои маҳви шиканҷа гуфт, ҳарчанд дар қонунҳои Тоҷикистон барои бадрафториву шиканҷа ҷазои сахт таъйин шудааст, иҷрои он камтар ба назар мерасад ва теъдоди онҳое, ки барои шиканҷаи зиндонӣ ё боздоштшудае ҷазо гирифтаанд, бисёр кам аст.
Ба гуфтаи вазорати адлияи Тоҷикистон, аз соли 2018 то соли 2025 танҳо 13 нафар барои шиканҷа ҷазо гирифтаанд, агарчӣ шикоятҳои расмӣ аз рафтори тарафи маъмурони амниятиву интизомӣ аз 100 адад ҳам зиёдтар будааст.
Ба дигарон фиристед
Шарҳҳоро бинед
Чоп
Мирзонабии Холиқзод
Гӯшаҳо
Тоҷикистон
Ҷомeа
Матолиби навтарин
Вобаста
Вазорати корҳои дохилӣ як афсари пулисро дар пайгард қарор дод
Марги 443 нафар дар шаш сол дар зиндону боздоштгоҳҳои Тоҷикистон
Баъди марги гумонбар. Ду милисаи Душанбе ба шиканҷа муттаҳам мешаванд
ПАЙГИРӢ КУНЕД
МАЪЛУМОТ
Дар бораи Озодӣ
Сомонаи Радиои Озодӣ бастааст?
Чӣ гуна шарҳ нависем?
Тамос бо мо
ЗАМИМАҲО
Замимаи Озодӣ дар Андроидҳо
Замимаи Озодӣ дар iOS
Дар Смарт ТВ
Радиои Аврупои Озод / Радиои Озодӣ © 2026 RFE/RL. Inc. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
SM